ТОҶИКИСТОН ПУРРА БО БАРҚИ ХУДӢ ТАЪМИН МЕШАВАД

Март 25, 2011 10:25

Душанбе, 25 март. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо ҷалби маблағҳои давлатӣ ва сармоягузории хориҷӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ бо нерўи барқи худӣ бунёди як қатор иншооти энергетикӣ мавриди татбиқ қарор доранд, ки аллакай қисме аз онҳо ба истифода дода шуданд. Бояд гуфт, ки бо бунёди хатти баландшиддати интиқоли нерўи барқи «Ҷануб-Шимол» ба мо муяссар шуд, ки шабакаи таъмини барқи вилоятро ба шабакаи ягонаи энергетикии мамлакат пайваст намоем. Дар айни замон бо мақсади пайваст намудани шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Айнӣ ва Кўҳистони Мастчоҳ ба шабакаи ягонаи энергетикии кишвар сохтмони хатти интиқоли барқи 220 — киловолтаи «Хуҷанд –Айнӣ» ва бунёди якчанд иншооти дигари энергетикӣ оғоз гардида, корҳои сохтмону васлкунии таҷҳизот барои навбати дуюми зеристгоҳи «Дилварзин» дар ноҳияи Мастчоҳ босуръат идома доранд. Илова бар ин, сохтмони хатти интиқоли барқи 220 — киловолтаи «Хуҷанд – Нерўгоҳи Қайроққум» ва хатти интиқоли барқи 110 — киловолтаи «Конибодом-Ашт» корҳои лоиҳавию тадқиқотӣ низ шурўъ шудаанд. Тазаккур додан ба маврид аст, ки  тибқи Барномаи кўтоҳмуддати сохтмони нерўгоҳҳои барқи обии хурд барои солҳои 2009-2011 дар ҳудуди вилоят бояд 25 нерўгоҳ бунёд гардад, ки дар айни замон 22 нерўгоҳи барқи обии хурд сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳоло 90 фоизи корҳои сохтмони нерўгоҳи хурди барқи обии «Марзич» иҷро шудааст, ки ҷиҳати бо барқ таъмин кардани ноҳияҳои водии Зарафшон аҳамияти муҳим дорад ва мо ният дорем, ки онро дар мўҳлатҳои наздиктарин мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳем. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд 24 марти соли ҷорӣ роҳбарону масъулони соҳаро вазифадор намуд, ки бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои муҳиму стратегии ҳукумат — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ҷиҳати дар мўҳлатҳои муқарраргардида ба истифода додани иншооти номбурда чораҳои иловагӣ андешанд.

Март 25, 2011 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад