МАНЪИ САЙДИ МОҲӢ ДАР ОБАНБОРҲОИ СУҒД

Апрель 6, 2011 15:46

Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо қарори махсуси раиси вилояти Суғд аз 4 апрели соли 2011 сайди моҳӣ дар обанборҳои қаламрави вилоят манъ гардид. Аз хадамоти матбуоти раиси вилоят ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир баҳри муҳофизат ва нигаҳдории захираҳои моҳии обанборҳои вилоят, муборизаи самарабахш бар зидди моҳидорӣ дар давраи тухмгузории моҳӣ аз санаи 5 апрел то 20 июни соли равон дар амал татбиқ  мешавад. Ҳайати ситоди вилоятӣ ҷиҳати амалӣ намудани чорабиниҳои ҳифзи моҳӣ дар давраи тухмгузории соли 2011 тасдиқ   шуд. Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Идораи шабакаҳои барқии вилоят ва Раёсати мелиоратсия ва захираҳои оби вилоят  вазифадор  шуданд, ки ҷиҳати риояи коркарди сатҳи оби обанбори Қайроққум ва Сирдарё дар давраи тухмгузории моҳӣ назорати давлатӣ баранд.

Апрель 6, 2011 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад