МУРОҶИАТНОМАИ ШСХК «БАРҚИ ТОҶИК» БА МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамватанони гиромӣ, Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «БАРҚИ ТОҶИК» аз вазъи ногувори барқтаъминкунии аҳолӣ изҳори таассуф намуда, ба иттилои мардуми шарифи кишвар мерасонад, ки сабаби асосии норасоии нерӯи барқ паст шудани ҳарорати ҳаво дар моҳҳои марту апрел, кам гаштани ҳаҷми оби дарёи Вахш ва ба ҳадди бӯҳронӣ поён омадани сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи Норак аст. То ба ин ҳад номусоид омадани обу ҳаво дар фасли баҳор ва боло нарафтани ҳарорат аз солҳои 30 асри гузашта бори нахуст ба назар мерасад. Дар воқеъ то ҳадди ғайричашмдошт кам шудани ҳаҷми оби дарёи Вахш дар фасли баҳор боиси ба ҳадди бӯҳронӣ поён омадани сатҳи об дар обанбори нерӯгоҳи Норак гаштааст. Сабаби дигари чунин ҳолати ногувор хеле кам боридани барф дар фасли зимистони гузашта буд. Бояд таъкид дошт, ки барф сарчашмаи асосии оби Тоҷикистон аст ва мутаассифона ҳаҷми захираи он, тибқи мушоҳидаи мутахассисон, имсол нисбат ба соли гузашта 30-40% кам аст. Бо вуҷуди ин, набояд фаромуш кард, ки мардуми Тоҷикистон дар фасли зимистони гузашта нисбат ба солҳои пешин бо нерӯи барқ хеле бештар таъмин буд ва ҳоло ҳам баробари аз 25-30 дараҷа боло рафтани гармии ҳаво вазъи барқтаъминкунии аҳолӣ беҳ мегардад. Вале бобати ҳарорати ҳаво набояд аз рӯи обу ҳавои шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон ё Суғд баҳо дод. Дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт, ки мавзеи асосии тавлидоти оби дарёи Вахш аст, то ноҳияи Ванҷ ва пиряхи Федченко ҳарорати ҳаво пурра фарқ мекунад. Барои мисол, рӯзи 6 апрел дар Душанбе ҳарорати ҳаво 23 дараҷа гарм буд, вале дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт, ҳарорат рӯзона +8+10 ва шабона 0-1 дараҷаро ташкил медод. Овозаҳои бардурӯғи иғвоангези дар миёни мардум паҳншаванда, ки гӯё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин ҳолат ба хориҷи кишвар нерӯи барқ мефурӯшад, беасосанд, зеро айни ҳол миёни Тоҷикистону Покистон хатти интиқоли нерӯи барқ вуҷуд надорад. Дар шароити кунунӣ аз ҳамагон танҳо даъват менамоем, ки аз нерӯи барқ сарфакорона истифода баранду бо таҳаммул бошанд ва ба ҳар гуна овозаҳои иғвоангез гӯш надиҳанд.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






