ПАРВОЗИ «ПАРАСТУ» — И БАҲОР

Апрель 7, 2011 11:54

Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард). — 3 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе фестивал-озмуни ҷумҳуриявии  театрҳои  «Парасту-2011» ба поён расид. Ҷоизаи аввали ин ҷашнвора барои намоишномаи «Рӯдакӣ»-и Ҳошим Гадо ба театри Лоҳутӣ ва барои намоишномаи «Ишқи Парӣ»-и коргардон Баҳодур Миралибеков ба театри «Маяковский» дода  шуд. Театри ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидови шаҳри Душанбе бо намоиши «Шабе дур аз ватан»-и коргардон Низом Меликов ва театри Камоли Хуҷандӣ бо «Бозгашти айём»-и Сайрам Исоева соҳиби ҷойи дуюм   шуданд. Ҷойи сеюм ба намоишномаҳои «Дурахши ахтар»-и театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Меҳрубон Назарови шаҳри Хоруғ, «Шумқадам»-и театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализода ва «Бо як гул ҳам баҳор мешавад»-и коргардон А. Қодирови театри мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара дода шуд. Намоишномаи «Куштори 114-ум»-и Қурбони Собир, ки намоишномаи ғайриозмунӣ буд, ҷоизаи махсуси Вазорати фарҳанг ва ҳайати доваронро ба даст овард. Ҷоиза барои беҳтарин коргардонро Ҳошим Гадо ва беҳтарин нақши мардро Абдумӯъмин Шарифӣ, ҳунарманди театри ҷавонон соҳиб шуданд. Озмуни театрҳои касбӣ — «Парасту -2011» бо намоишномаи «Рӯдакӣ» дар таҳияи Ҳошим Гадо рӯзи 28-уми марти соли ҷорӣ ифтитоҳ шуда буд. Дар ин ҷашнвора 15 театр аз шаҳру ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон иштирок карданд. Ҳамакнун қарор аст дар шаҳри Душанбе ҷашнвораи байнамилалии театрҳои касбӣ — «Наврӯз-2011»  доир шавад, ки дар он бар иловаи кишварҳои Осиёи Марказӣ, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин, театрҳои Эрон ва Афғонистон низ иштирок менамоянд. Театри Эрон дар ин ҷашнвора бо намоишномаи «Рӯдакӣ» ширкат менамояд. Ёдовар мешавем, ки фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту-2011» дар доираи таҷлили ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 март то 3 апрели соли 2011 дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Апрель 7, 2011 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад