РАҚОБАТПАЗИРИИ ТАШКИЛОТҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ОЗМУНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Апрель 19, 2011 16:43

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар»,  Мавзуна Бойева). – Кормандони Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқ намудани барномаи «Беҳбудии фазои соҳибкорӣ-200 рӯзи ислоҳот» корҳои муайян ва мушаххасро ба анҷом расониданд. Дар ин асос лоиҳаи Барномаи дастгирии ташкилотҳои сохтмонӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар соҳаи сохтмон барои солҳои 2011-2012 таҳия гардид. Дар ин бора директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати ҶТ Абдувалӣ Комилов зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ватанию хориҷӣ иттилоъ дод.  Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки   лоиҳаи  қарори Ҳукумати ҶТ ва нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, ба котиботи Шӯрои машваратӣ пешниҳод гардид.             Мақсади асосӣ аз таҳия намудани Барномаи мазкур  ва нақшаи чорабиниҳо ин мусоидат намудан ба баланд бардоштани рақобатпазирии ташкилотҳои сохтмонӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ва мустаҳкам кардани заминаҳои моддӣ-техникии онҳо мебошад, гуфт дар хотима А.Комилов.

Апрель 19, 2011 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад