С.ЛЕБЕДЕВ:«САТҲИ ХУБИ ТАШКИЛИИ РАЁСАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ИДМ АЛЛАКАЙ МУШОҲИДА МЕШАВАД
Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев андешаҳояшро ба хабарнигорон мухтасар баён намуда изҳор дошт, ки: «Мо бисёр сӯҳбати давомноку пурмӯҳтаво бо Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон доштем ва мавзӯи асосии сӯҳбат ин Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ маҳсуб меёфт».
Ӯ афзуд, ки тамоми сохторҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф барои ҳамкорӣ бисёр фаъол ҳастанд. Инчунин, татбиқи Консепсияи рушди иқтисодии ИДМ, ки охири соли гузашта ба тамоми давлатҳои узви Иттиҳод пешниҳод шуда буд, хуб ба роҳ монда шудааст.
Сергей Лебедев қайд намуд, ки дар давоми чор моҳи соли равон дар пойтахти Тоҷикистон якчанд чорабиниҳои ИДМ баргузор гардид, ки Шӯрои соҳавии гуманитарии ИДМ, ҷаласаи Кумитаи роҳбарони ситоди давлатҳои ИДМ, ҷаласаи Шӯрои Агентии миллии иттилоотии ИДМ ва ҷаласаи Шӯрои роҳиоҳанчиён аз ҷумлаи онҳост.
«Имрӯз бо ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон баргузории чорабиниҳои ояндаро низ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор додем. Зикр шуд, ки аввалҳои моҳи сентябри соли равон Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Пеш аз ин Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ дар назар дошта шудааст»- идома дод С.Лебедев.
Иттилоъ дода шуд, ки 13-ум ва 14-уми октябри соли равон Шӯрои сарони ҳукуматҳои давлатҳои узви ИДМ ва мулоқоти ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои узви ИДМ ба нақша гирифта шудааст.
«Бояд зикр намоям, ки дар чорабиниҳои дигаре, ки дар дигар давлатҳои узви Иттиҳод соли равон баргузор гардиданд ва дар оянда ба нақша гирифта шудаанд, ҷониби Тоҷикистон раисӣ хоҳад кард. Чанде пеш форуми иқтисодии ИДМ дар Ялта ба охир расид, ки дар доираи Шӯрои иқтисодии ИДМ баргузор гардида буд. Раисии Шӯрои мазкурро вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамраалиев ба ӯҳда дошт. Ҷаноби вазир дар он ҷо бо маърӯзаи фарогир сухан гуфта, аз ҷумла паёму миннатдории раиси Ҳукумати Тоҷикистонро ба иштирокчиёни Шӯро расонид», — тазаккур дод Котиби иҷроияи ИДМ.
Вай зикр намуд, ки мавзӯи 20-солагии таъсисёбии ИДМ аз асоситарин мавзӯъҳои мулоқоти мо ба шумор мерафт. Зимни сӯҳбат изҳороти сарони давлатҳои узви ИДМ-ро вобаста ба 70-солагии оғозшавии ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 22 июни соли ҷорӣ дар давлатҳои собиқи Шӯравӣ таҷлил мегардад, мавриди баррасӣ қарор додем.
Изҳороти мазкурро ҳамчун Раиси Шӯрои ИДМ Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имзо намуд ва онро сарони дигар давлатҳо низ имзо хоҳанд кард. Бахшида ба ҷашнвораи 20-солагии ИДМ намоишгоҳ аз 28-июн то 3-юми июл дар маркази намоишии умумироссиягии Москва баргузор мегардад ва дархости ҷониби Тоҷикистонро оид ба иштирок дар ин намоишгоҳ гирифтем.
Ҳамчунин, тайёрӣ барои гузаронидани форуми 6-уми зиёиёни эҷодкори давлатҳои узви ИДМ, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Киеви Ҷумҳурии Украина баргузор хоҳад шуд, идома дорад ва Тоҷикистон низ дар ин чорабинӣ ширкат меварзад. Ёдовар мешавем, ки ду сол пеш ин гуна форум дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Инчунин, конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба ҷашнвораи 20-солагии ИДМ, ки 28-уми сентябр дар шаҳри Мински Белорусия баргузор мегардад ва ҳайати олимони Тоҷикистон дар он иштирок хоҳанд кард.
Дар саммити ғайрирасмии сарони давлатҳои узви ИДМ, ки дар моҳи декабр дар шаҳри Маскав баргузор мегардад, ҷаноби президент Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки дар он иштирок хоҳад кард.
«Мо аз Раёсати Тоҷикистон бисёр умедҳои хуб дорем ва то андозае баргузории чорабиниҳо нишон медиҳад, ки ҷониби Тоҷикистон бисёр хуб фаъолият карда истодааст ва ҳаминро бояд зикр намоям, ки Тоҷикистон ҳамон сиёсатеро, ки дигар давлатҳои узви Иттитҳод, аз ҷумла Россия мебарад,пеш бурда истодааст», — таъкид намуд С.Лебедев.
«Мавриди зикр аст, ки дар доираи барномаи ҳамкориҳои инноватсионии давлатҳои узви Иттиҳод, ки татбиқи он то соли 2020 пешбинӣ шудааст ва дар давраи раёсати Россия оғоз гардида буд, айни ҳол дар давраи раёсати Тоҷикистон низ амалӣ шуда истодааст ва умедворем, ки моҳи октябр ин санад дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ ба имзо мерасад», — гуфт дар хотима С.Лебедев.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






