ШАБАҲОИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ РОССИЯ ТОҶИКИСТОНРО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД

Апрель 6, 2011 10:29

Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 март то 2 апрели соли ҷорӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи эҷодии шабакаи телевизионии РТР Планетаро ҷиҳати сабти филмҳо оид ба  Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷашнгирии Наврӯзи тоҷикон ва захираҳои туристии кишвар, даъват ва хизматрасонӣ намуд. Бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ ва ташкилӣ баргузор намудани нахустин барномаи тарғиботии рӯзноманигорон аз Федератсияи Руссия, инчунин муҳимияти мӯҳтаво ва сифати он дар мустаҳкам кардани нуфузи кишвари мо ҳамчун мамлакати рӯ ба инкишоф ва туристӣ, тӯли сафар ҳайати меҳмононро муовини соҳавии раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон Лочин Файзуллоев ва сардори Раёсати рушди сайёҳӣ   Давлат Ҳабибов ҳамроҳӣ намуданд. Ҳайати эҷодии шабакаи мазкур иборат аз 3 нафар, таҳти роҳбарии рӯзноманигори шинохтаи ҷаҳонӣ,  ровии барномаи туристии «Моя Планета» Андрей Понкратов санаи 19-уми март   вориди  сарзамини зебоманзари мо гардидандд. Тибқи мувофиқаи пешакӣ меҳмонон давоми 14 рӯз дар чорабиниҳои мухталифи идонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ, ноҳиявӣ ва маҳалли ҷашни Наврӯз иштирок намуда,  аз мавзеъҳои гуногуни кишвар  дидан намуданд. Аз ҷумла, гурӯҳи эҷодӣ дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, гӯштини миллӣ ва аспдавонӣ фаъолона ширкат варзиданд. Инчунин, бо мақсади тарғиби чеҳраҳои ҷавон ва маъруфи риштаи варзишиву фарҳангии  кишвар ба мисли чемпиони чаҳон оид ба гурзпартоӣ — Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои Олимпӣ — Расул Боқиев, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии хонандагони Қуръон  Кароматулло Тайфуров, роҳбари гурӯҳи эстрадии Шамс — Нобовар Чаноров сӯҳбатҳои телевизионӣ ороста шуд. Дар маҷмӯъ, рӯзноманигорон аз фарҳангу таърих, паҳлӯҳои мухталифи тарзи зиндагонӣ, мавзеъҳои нотакрор ва табиати бойи ҳудуди шаҳри Душанбеосорхонаи бостоншиносӣ, мақбараи И.Сомонӣ, боғҳои устод Рудакӣ, Фирдавсӣ, Ботаникӣ ва Ғалаба, чойхонаи Роҳат, бозори Шоҳмансур, хиёбонҳои Рудакӣ, Сино, Фирдавсӣ- пойтахт, ноҳияи Варзоб  мавзеъҳои тамошобоби ҷамоати деҳоти Варзоб ва осоишгоҳи табобатии Сароб, шаҳри Норакнерӯгоҳи барқи обии Норак, ноҳияи Данғара — Хуррамшаҳр, ноҳияи Восеъ  кони намаки Хоҷа Муъмин, мавзеи Ҳулбук ва ноҳияи Рудакӣ — мавзеъҳои зебои шаҳраки Сомониён,  3 филми тарғиботиро (ҳар кадоме 30 дақиқа) сабт намуданд. Тибқи нақша, филмҳои омодагашта нимаи аввали моҳи майи соли ҷорӣ дар шабакаҳои телевизионии РТР Планета, Россия 24 ва Россия -2 дар чанд марҳила пахш карда мешаванд ва нусхаи онҳо ба ҷониби мо ирсол мегардад.               Мавриди зикр аст, ки  манбаҳои иттилоотии мазкур дар баробари кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим дар фазои зиёда аз 20 давлати ҷаҳон наздик ба 500 миллион тамошобин дастрас мебошанд.

Апрель 6, 2011 10:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад