ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ НАТИҶАҲОИ БОЗДИДИ РАСМИИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ЛЮКСЕМБУРГ

Июнь 13, 2011 11:08

Гузориши муфассал аз натиҷаҳои боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Герсогии Бузурги Люксембург   Душанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рўзи 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани боздиди расмӣ аз шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ба Герсогии Бузурги Люксембург сафар кард.  Бегоҳии рўз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Люксембург бо роҳбарон ва намояндагони як қатор созмонҳои ҷамъиятии тоҷикону тоҷикистониёни муқими Нидерландия, Белгия ва Люксембург мулоқот намуд.  Тавре зикр гардид, дар ин кишварҳо ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия,  Нидерландия ва Люксембург, Бизнес – клуби Нидерландия – Тоҷикистон, клуби Белгия-Тоҷикистон, Маркази фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Брюсел, ҷамъияти дўстии Люксембург-Тоҷикистон ва ғайра фаъолияти босамар доранд.  Ба ин созмонҳои ҷамъиятӣ тоҷикону тоҷикистониёни бурунмарзии соҳибкор, аҳли илму фарҳанг ва дўстони Тоҷикистон ба ҳам омада, доир ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ҳамватанон ва ба роҳ мондани робитаҳои дўстию ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва кишварҳои Аврупо ҷаҳду талош мекунанд.  Дар сўҳбат роҳбарони ҷамъиятҳои номбурдаи тоҷикистон ва тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерландия ва Люксембург Азиз Одилов, Клаус Ван Дик, Дирк Ванденпут, Толия Тоирова ва шарқшинос, фарҳангшинос, доктори илм, профессори Донишгоҳи Лювени Шоҳигарии Белгия Александре Тоуроветс бисёр фаъол буданд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба ҳамкории васеъ бо ватани худ – Тоҷкистони азиз даъват намуда, ба масъулини дахлдори кишвар барои густариш додани робитаҳои мунтазам бо ҳамватанони бурунмарзӣ супоришҳои мушаххас дод.  Барномаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Гертсогии Бузурги Люксембург субҳи рўзи 9 июн бо мулоқот бо Гертсоги Бузурги Люксембург Анри Албер Габриэл Феликс Мари оғоз ёфт.  Дар ибтидо Эмомалӣ Раҳмон аз даъвати ҷониби Люксембург барои боздиди расмӣ аз ин кишвари мутараққӣ арзи сипос карда, иброз дошт: “қисмати аврупоии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати берунаи мо муқаррар шудааст ва дар ин чаҳорчўб Люксембург мавқеи хоса дорад”. Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Люксембург, аз ҷумла татбиқи амалии мувофиқаҳое, ки дар мулоқоти қаблии сарони ду давлат соли 2004 ҳосил шуда буданд, баррасӣ гардид.  Зимни мулоқоту сўҳбати Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Палатаи вакилони (Парлумони) Люксембург Лаурент Мозар, ки аз даромадгоҳи бинои Парлумон бо истиқболи самимии ў ёфт, доир ба густариши робитаҳои байнипарлумонии ду кишвар мувофиқа ҳосил шуд.  Баррасии муфассали ҷанбаҳои гуногуни муносиботи дўстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар дар мулоқоти Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Сарвазири Гертсогии Бузурги Люксембург Жан Клод Юнкер  сурат гирифт.  Сипас Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  Сарвазири Гертсогии Бузурги Люксембург Жан Клод Юнкер ҳамроҳ ба бинои Вазорати корҳои хориҷии Люксембург ташриф оварда, дар маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ иштирок намуданд.  Дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Гертсогии Бузурги Люксембург Жан Клод Юнкер 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расид:  Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва саркашӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя;  Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ;  Ёддошти тафоҳум оид ба алоқаи ҳавоӣ.  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Люксембург Жан Клод Юнкер зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон аз натиҷаи мулоқоту музокироти дуҷониба ва дурнамои рушди муносиботи дўстона ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карданд.  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Люксембург Жан Клод Юнкерро даъват намуд, ки ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад.  Нимаи дуюми рўзи 9 июн Президенти Ҷум?урии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори кулли Палатаи савдои Люксембург Пиерре Граменга мулоқот намуд. Дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла дар сатҳи соҳибкорону тоҷирон мавриди баррасӣ қарор гирифт.  Баъди анҷоми мулоқот аз ҷониби роҳбарони палатаҳои савдои Тоҷикистону Люксембург Шариф Саидов ва   Пиерре Граменга Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид.  Сипас дар бинои Палатаи савдои Люксембург Форуми  ?амоишии?тисодӣ васармоягузории ҷум?урии ТоҷикистонваГерсогии Бузурги Люксембург баргузор гардид, ки дар он Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имконоти фарохи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон, аз ҷумла лоиҳаҳои сершумори барои сармоягузорӣ омодашударо шахсан муаррифӣ намуда, соҳибкорони бонуфузи Люксембургро ба ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи кишвари мо даъват намуд.  Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки ду сол боз пайи ҳам Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои молиявии байналмилалӣ ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои ислоҳотталаб ворид мешавад ва шумораи шарикони хориҷии тиҷоратии кишвар сол то сол рў ба афзоиш дорад.      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба беҳшавии фазои сиёсӣ ва ҳуқуқии сармоягузорию соҳибкорӣ дар Тоҷикистон соҳибкорону сармоягузорони Люксембург — ин кишвари хурдакак, вале хеле пешрафтаи Аврупоро ба густариши ҳамкорӣ бо кишвари мо ташвиқ кард.  Дар ҳамоиш ҳамчунин роҳбарони ширкатҳои дорои нуфузи ҷаҳонии Люксембург, ки дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, сармоягузорӣ, суғурта, саноат, сохтмон, нақлиёту боркашонӣ, роҳсозӣ ва бунёди нерўгоҳҳою истеҳсоли нерўи барқ фаъолияти босамар доранд, ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистони дорои захираҳои фаровони табиию инсонӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.  Тавре зикр гардид, беш аз 86% маҷмўи маҳсулоти дохилии Люксембург аз ҳисоби соҳаи хизматрасонӣ аст, зеро бо ҳаҷм ва сифати хизматрасонӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, суғурта ва сармоягузорӣ ин кишвар яке аз ҷойҳои аввалро дар ҷаҳон ишғол менамояд.  Субҳи 10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки аврупоии сармоягузорӣ ташриф оварда, бо Президенти он Филипп Мейштадт мулоқот намуд.  Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Филипп Меййштадт барои оғози фаъолияти Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон арзи сипос кард.  Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Тоҷикистон нахустин шарики Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аст. ҳамкории Тоҷикистону Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар асоси созишномаи  дуҷониба, ки моҳи феврали соли 2009 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Брюсел ба имзо расида буд, оғоз ёфт.  Зимни баррасии масоили ҳамкорӣ Филипп Мейштадт омодагии устувори Бонки аврупоии сармоягузориро ба дастгирии молиявии рушди босуботи иқтисоди миллии Тоҷикистон таъкид дошт.  Баъди анҷоми мулоқот миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ боз ду созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки нишонаи возеҳи ҳавасмандии Иттиҳоди Аврупо ба густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон аст. Мутобиқи ин санадҳо дар давраи аввал барои татбиқи амалии лоиҳаҳои энергетикӣ дар вилояти Суғди Тоҷикистон 14 миллион евро қарзи имтиёзнок ва 7 миллион евро маблағи грантӣ ҷудо карда мешавад.

Июнь 13, 2011 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд
Дар марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон низоми муосири бойгонӣ ва интиқоли аксҳои рентгенӣ татбиқ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 10 ҳазор ариза барои гирифтани замин дар баррасӣ қарор дорад
5 август дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар заминҳои соҳили дарёи Зарафшон ва мавзеи Киштӯдак 1350 бех ниҳоли павловния парвариш карда мешавад
«Интернет барои хона» ҳудудҳои навро дар Душанбе фаро мегирад