ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ НАТИҶАҲОИ САФАРИ РАСМИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА АВСТРИЯ

Июнь 13, 2011 11:00

 Гузориши муфассал аз натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии АвстрияДушанбе, 12 июн. (АМИТ «Ховар»).- Шоми 6 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Страсбурги Ҷумҳурии Фаронса барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Австрия рафт.  Барномаи сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Австрия субҳи рўзи 7 июн бо маросими истиқболи расмӣ дар назди қасри ҳофбурги пойтахти ин кишвар шаҳри Вена оғоз ёфт.  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Австрия Ҳайнтс Фишер истиқбол гирифт.  Маросими истиқболи расмӣ тибқи протоколи сафарҳои расмӣ бо саф оростани Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои мусиқии нафасӣ, гузориши фармондеҳи горд ба меҳмони олимақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди ҷузъҳои горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба парчамҳои давлатӣ ва шиносонии мутақобила бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифт.  Рафти маросими истиқболи расмиро, ки дар яке аз майдонҳои таърихии маркази шаҳри Вена баргузор гардид, ҳамчунин сокинону меҳмонони зиёди пойтахти Австрия, аз ҷумла саёҳони сершумор низ тамошо намуданд.  Зимни баррасии масоили ҳамкории ду кишвар, ки нахуст дар мулоқоти хосаи сарони ду давлат ва сипас бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб сурат гирифт, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Австрия дар Аврупо ва ҷаҳон баҳои баланд дода, изҳор дошт: “Тоҷикистон Австрияро  шарики боэътимоди худ дар арсаи байналмилалӣ дониста,  ба тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба бо он  манфиатдор аст”.  Ҳарду ҷониб омодагии худро барои густариши робитаҳои сиёсӣ, муколамаи мунтазам ва рушди ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои энергетика, иқтисоду савдо, илму техника ва ғайра таъкид намуданд.  Ба гуфти ҳайнтс Фишер “Австрия чун Тоҷикистон дорои захираҳои фаровони обию энергетикӣ аст, 22% нерўи барқаш дар нерўгоҳҳои обӣ истеҳсол мешавад ва кишвар дорои таҷрибаи ғанию мутахассисони зиёд дар ин бахш аст. Аз ин хотир Австрия метавонад бо Тоҷикистон дар ин ва дигар соҳаҳои судовар ҳамкории босамар дошта бошад”. Пешниҳоди ҷониби Австрия доир ба ҷудо намудани бурсияҳо барои дипломатҳои ҷавони (хизматчиёни давлатии) Тоҷикистон барои иштирок дар курсҳои такмили ихтихос оид ба ҳамкорӣ бо Аврупо дар Академияи дипломатии Вена хуш пазируфта шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Австрия ҳайнтс Фишер даъват намуд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад. Даъват бо мамнуният пазируфта шуд.  Баъди анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ бо иштирок ва дар ҳузури сарони ду давлат ду санад ба имзо расид.  Зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба сарони ду давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳайнтс Фишер имзо гузоштанд. Санади дуюми баимзорасида  Созишнома оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата буд.  Зимни изҳороти матбуотӣ ва посух ба суолҳои хабарнигорон, сарони ду давлат аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳавасмандии ду ҷонибро ба густариши бештари ҳамкорӣ ва робитаҳои судбахш таъкид намуданд.  Дар шаҳри Вена Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Парлумони Австрия Барбара Прамер мулоқот намуд. Дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими заминаи ҳуқуқию қарордодии ҳамкории Тоҷикистону Австрия ва густариши робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.  Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Сент-Пёлтени Австрия ташриф оварда, бо фаъолияти ширкати гидроэнергетикии Войс ҳайдро (VOITH HYDRO), ки бо давлатҳои Амрикою Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон ҳамкории густурда дорад, аз наздик шинос шуд.  Зимни сўҳбат бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати мазкур Леополд ҳинингер ва аъзои Шўрои мудирони он омодагӣ ва ҳавасмандии худро ба ташкил ва густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон таъкид намуданд.  8 июн ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти Австрия шаҳри Вена дар Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ иштирок намуд.  Барои иштирок дар ин ҳамоиши бузурги ҷаҳонӣ сарони давлатҳою ҳукуматҳо ва роҳбарони воломақом аз кишварҳои сершумори ҷаҳон, роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналмилалию минтақавӣ дар шаҳри Вена ҷамъ омаданд.  Тавре аён мегардад, ҷаҳду талошҳои бисёрсолаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пуштибонӣ аз ташаббусҳои судбахши байналмилалӣ ва лоиҳаҳои стратегии зербиноии кишвар, аз ҷумла дар самти рушди гидроэнергетика, имрўз дар минтақа ва ҷаҳон мавриди дарки дуруст ва пазироию дастгирӣ қарор мегиранд.  Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Созишнома оид ба мақоми Дафтари созмон дар Тоҷикистон ба имзо расид. Аз ҷониби Тоҷикистон ба созишнома Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ имзо гузошт.  Як созишномаи дигар миёни Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва Кумитаи олимпии Австрия ба имзо расид. Ба он аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ Маликшо Неъматов имзо гузошт.

Июнь 13, 2011 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст