Ҳифз ва оқилона истифодабарии захираҳои об ва партобобҳо
Душанбе, 29 июля. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар маҷлисгоҳи Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд бо иштироки мутахассисони соҳаи назорати манбаъҳои об аз тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят дар мавзӯи «Ҳифз ва оқилона истифодабарии захираҳои об ва партобобҳо» семинар баргузор гардид. Ба иттилои сардори шӯъбаи ҳифзи захираҳои оби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Қадамов , 81 фоизи оби маҷрои дарёҳои Ому ва Сир аз ҳудуди Тоҷикистон сарчашма мегиранд, ки ҳаҷми солонаи онҳо 56,7 мукааб метрро ташкил медиҳад. Олимон ҳаҷми оби пиряхҳоро беш аз 56 656 млн.мукааб метр, обҳои зеризаминиро 18,7 млн.мукааб метр ва оби кӯлҳоро наздик ба 46,3 мукааб метр ҳисоб кардаанд. Ҳифз ва тоза нигоҳ доштани захираҳои оби мавҷуда ва риояи қоидаҳои софкории партобобҳои саноативу маишӣ аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо ба ҳисоб рафта, баргузории чунин чорабиниҳо дар доираи «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт: солҳои 2005 — 2015» ба манфиати кор аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






