Ҷазои созмондиҳандагони муассисаҳои динии дорои хусусияти ифротгароидошта
Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан ба моддаи 160, ки дар таҳрири нав омадааст, нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони фаъоли маҷлисҳо, намоишҳо, гирдиҳамоиҳо, роҳпаймоиҳо ва пикетгузориҳои бидуни иҷозат аз 2 то 5 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро аъзои палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 21 июл дар иҷлосияи шашуми Маҷлиси миллӣ баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Зимни шарҳи масъалаи мазкур Нуриддин Саидов, муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ, ки ҳамзамон Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, иброз дошт, ки ҷонибдории қонуни мазкур ҷиҳати таъмини амнияти миллии кишвар нақши муассир мебозад.Дар асоси тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 307 барои ғайриқонунӣ ташкил кардани муассисаҳои таълимии динии дорои хусусияти ифротгароидошта инчунин маблағгузорӣ ва таҳсил намудан дар онҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шуда, ба ташкилкунандагони чунин муассисаҳои таълимӣ ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то12 сол бо мусодираи молу мулк пешбинӣ мегардад.Зикр шуд, ки зарурати муқаррар кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои чунин кирдор бо он асоснок карда мешавад, ки дар ҷумҳурӣ равияҳои гуногуни динию ифротгаро вуҷуд доранд, ки таълимоти онҳо ҳисси бадбинӣ ва кинаву адоватро миёни мардум меангезанд.Баъди аз ҷониби Президенти ҷумҳурӣ ба имзо расидани санади мазкур он дар ҷомеа ба ҳукми қонун медарояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






