Баландбардории маърифати донишҷӯён
Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- «Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳайати профессорону устодони донишкада ин ҷустуҷӯи мунтазами технологияҳои натиҷабахши таълим, истифодаи воситаҳои муосири пешқадам дар машғулиятҳои амалӣ, бо ҳам алоқаманд намудани донишҳои назариявӣ, амалия, коркард ва ба навидҳои ҷомеа мутобиқ намудани ҷараёни таълим мебошад»,-гуфт ба хабарнигорони ВАО Нидоев Нозимҷон Фозилович, ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон.Мавсуф афзуд, ки дар нимаи аввали соли равон дар донишкада зиёда аз 38 чорабинии фарҳангию маърифатӣ рӯи кор оварда шуд, ки ин барои тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо ва пешгирӣ аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ мусоидат менамояд. Инчунин ҷиҳати баланд бардоштани маърифати донишҷӯён маҳфил-клубҳо таъсис дода шудааст, ки байни онҳо мунтазам озмунҳо гузаронида мешаванд.Роҳбарияти донишкада тасмим гирифтааст, ки аз соли нави таҳсили 2011-2012 таҳсили рӯзона ба низоми кредитиии таҳсилот гузаронида шавад. донишкада барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15-солагии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон корҳои ободониро хуб ба роҳ монда, таҷдиди толори Шӯрои олимон ва тармиму таҷдиди бинои маъмурӣ, китобхона, қироатхона ва толори калон ба нақша гирифта шуда ва кор дар ин самт идома дорад, — тазаккур дод ректори донишкада.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






