Боз кӣ ба курсии вакилӣ менишинад?
Душанбе, 22 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Алиев қатъ мегардад. Бояд зикр кард, ки Ҳусейн Алиев 21 июли соли 2011 бо Фармони Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод таъин гардид. Ҳусейн Алиев аз ҳавзаи якмандатии умумиҷумҳуриявӣ аз рӯйхати Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон вакили Маҷлиси намояндагон интихоб гардида буд. Тибқи иттилои Муҳибулло Додоҷонов, роҳбари Дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷои Ҳ. Алиев бидуни баргузории интихобот тибқи рӯйхати ҲХДТ номзади навбатӣ аз ҲХДТ интихоб карда мешавад, ки ӯ Ашӯрбек Расулов, муовини вазири маорифи ҷумҳурӣ мебошад.Дар назар аст, ки баъди аз таътил бозгаштани вакилони палатаи поёнии парлумони мамлакат охири моҳи сентябр, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди қатъ намудани ваколатии вакили МН МОҶТ Ҳусейн Алиев қарори марбута қабул менамояд. Ба гуфти Муҳибулло Додоҷонов, дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон, ки нимаи дуюми моҳи августи соли 2011 баргузор мегардад, танҳо масъалаи авф баррасӣ мегардад.Мавриди зикр аст, ки Ҳусейн Алиев сеюмин вакили Маҷлиси намояндагон аз рӯйхати ҲХДТ аст, ки баъди Ҷумъабой Сангинов ва Талбак Салимов ба вазифаи давлатӣ таъин карда мешавад. Ҷумъабой Сангинов муовини аввали Раиси вилояти Суғд ва Талбак СалимовРаиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ таъин гардида буданд. Ба ҷои онҳо Олимҷон Сафаров- мовини Раиси ноҳияи Ҷиргатол ва Ҳаёт Одинаев — устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба курсии вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон нишастанд.








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






