Бозпас гардонидани ҷавонон аз мактабҳои динӣ

Июль 28, 2011 10:50

Кўлоб, 28 июл. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). – Барои роҳбарони ноҳияи Восеъ масъалаи ҳалталаб- ин аз мамолики хориҷи кишвар бозпас овардани ҷавононе мебошад, ки дар мактабҳои динӣ таҳсил мекунанд, — гуфт раиси ноҳия Султон Валиев. Ба иттилои ӯ аз ин ноҳия, мувофиқи маълумоти мавҷуда дар мактабҳои динии хориҷи кишвар 51 нафар толибилм таҳсил менамоянд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва сӯҳбат бо волидону наздикони ин ҷавонон масъала тадриҷан ҳал мешавад. С. Валиев афзуд, ки аллакай 44 нафар толибилми ин мактабҳо ба Ватан баргаштаанд.

Июль 28, 2011 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад