Дар Олмон 20 – солагии рӯзи Истиқлолияти Тоҷикистон таҷлил шуд

Июль 26, 2011 11:17

Берлин, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Шерзодхон Бурҳонов). – 25 июл дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ба ифтихори 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантана баргузор гардид. Ба маросим меҳмонони сершумор, намояндагони илму фарҳанг, ҳамчунин аъзои Ҳукумати Олмон даъват шуда буданд. Ин маросим бо ибтикори раиси «Ҷамъияти дӯстии Олмон ва Тоҷикистон», дӯсти вафодори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктор Александр Ҳайзер баргузор гардид. Баъди сарсухани сафири ҶТ дар Олмон Имомуддин Сатторов нотиқон дар мавзӯи Рӯзи Истиқлолият ва роҳи дар зарфи 20 соли Истиқлолият тайнамудаи кишвар ва халқи Тоҷикистон нақл намуданд. Дар хотима барои меҳмонон дастархони таъоми миллии тоҷикона ороста шуд.

Июль 26, 2011 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад