Ду фирории дигарро безарар гардониданд

Июль 26, 2011 10:04

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Анварбек Сиддиқов).- Дар идомаи амалиёти махсуси дастгиркунии маҳбусоне, ки шаби 22 ба 23-августи соли 2010-ум аз маҳкамаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намуда буданд, рӯзи 25-уми июли соли равон ҳангоми гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратии кишвар дар деҳаи Чилдараи ҷамоати деҳоти Ҳафтчароғи ноҳияи Тавилдара дар минтақаи мушкилгузари кӯҳӣ мавқеи пинҳоншавии боз ду тан аз фирориён ошкор карда шуд. Тавре аз ВКД-и кишвар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳангоми дастгир намудани ҷинояткорон онҳо муқобилияти сахти мусаллаҳона нишон дода, дар натиҷа истиқоматкунандаи деҳаи Туғули ноҳияи Панҷ Зиёев Ҷонибек Абдусамадович (соли таввалудаш 1979) дастгир шуда, истиқоматкунандаи деҳаи Чашмасори ноҳияи Тавилдара Ҳасанов Баҳриддин Қаюмович (соли таввалудаш 1968), ки дар рафти муқовимати мусаллаҳона захмӣ гардида буд, фавтид.Аз ҷои ҳодиса ду автомати Калашников, як таппонча ва дигар лавозимоти ҷангӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Мутаассифона, дар ин задухӯрди мусаллаҳона як корманди воҳиди таъиноти махсуси ШКД-и ноҳияи Тавилдара ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расид. Дар рафти амалиёти мазкур ду нафар аз кормандони дигари воҳиди таъиноти махсуси Раёсати корҳои дохилии ноҳия ва минтақаи Рашт захмӣ гаштанд.Ёдовар мешавем, ки аз ҷумлаи 25 нафар маҳбусони фирорӣ то имрӯз 24 нафарашон дастгир ва безарар гардонида шуда, амалиёт ҷиҳати дастгир намудани охирин маҳбуси фирорӣ идома дорад.

Июль 26, 2011 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд