Душанбе-Чаноқ-шоҳроҳи асосӣ
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Ҳаҷми корҳои сохтмониву барқароркунӣ дар нақби Шаҳристон то имрӯз ба маблағи зиёда аз 53, 6 миллион доллари ИМА иҷро шудааст,-гуфта шуд дар нишасти матбуотие ,ки 20 июл дар Душанбе доир гардид.Дар он директори Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо Қодир Саидов перомуни рафти тармиму таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе -Чаноқ маълумот дода, иброз дошт ,ки ягона иншооте, ки дар доираи татбиқи лоиҳа боқӣ мондаасту корҳои сохтмонӣ дар он босуръат идома ёфта истодаанд, ин нақби Шаҳристон мебошад. Масофаи нақби автомобилгард-5 253 метр ва нақби ҳаводиҳанда 5 ҳазору 289 метр буда, арзиши он 79 миллиону 800 ҳазор доллари ИМА- ро ташкил медиҳад.Бинобар иттилои Қодир Саидов то ҳамин давра , 4624 метр нақби автомобилгарди ва 4774 метр нақби ҳаводиҳанда канда шудааст. Корҳои бетонкори конструктивӣ дар нақби автомобилгард 4368 метр ва дар нақби ҳаводиҳанда 4448 метр иҷро шудааст.«Имрӯз шумораи кормандони иншооти мазкур 297 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 89 нафарашон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд»,-гуфт дар хотима Қ. Саидов. Бояд қайд кард, ки роҳи нақлиётгари Душанбе-Чаноқ яке аз шоҳроҳҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мақсад аз татбиқи ин лоиҳа мусоидат ба рушду нумӯи иҷтимоӣ ва иқтисодии қисматҳои ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ ҷиҳати таҷдиду барқарорсозии роҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, аз ҷумла нақби Шаҳристон, бунёди галереяҳо, купрӯкҳо ва дигар иншооти ёрирасон аст.








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






