Истеҳсоли сементи худӣ меафзояд

Июль 14, 2011 13:01

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Заррина Саидова).-Бо мақсади амалӣ намудани «Барномаи рушди корхонаҳои масолеҳи сохтмонӣ дар давраи то соли 2015» бунёди корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани намудҳои нави масолеҳ ва таҷдиди корхонаҳои фаъолиятдошта идома дорад.Дар семоҳаи дуюми соли ҷорӣ корхонаҳои соҳаи маводи сохтмон 158,8 ҳазор тонна семент истеҳсол намуданд, ки нисбат ба нимсолаи аввали соли гузашта 8,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.Дар ин давра 27,3 млн. дона хишт, 4,9 км шартӣ қубурҳои асбестӣ, 5,8 ҳазор метри мураббаъ тахтасанг, 24,9 ҳазор тонна оҳак истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ 49 ҳазор метри мураббаъ шиша истеҳсол шуд.Дар таъмину барзиёд иҷро шудани нақшаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ҳиссаи корхонаҳои ҶСП «Заводи сементи Самадов»-и шаҳри Исфара ва ҶММ «Ҷ.Собир»-и шаҳри Табошар; ҶММ «Лада мармар»; ҶММ «Тоҷикмармар»; ҶММ «Дурдона»; ҶС «Комбинати масолеҳи бинокорӣ ва конструксия»-и ноҳияи Спитамен; ҶММ «Хишти Данғара», «Комбинати масолеҳи бинокорӣ»-и шаҳри Исфара; «Заводи шағалбарорӣ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров назаррас аст.Дар назар аст, ки то ҷашни 20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб бо маблағгузории ҶММ «Тоҷикистон» боз як корхонаи хурди сементбарорӣ бо иқтидори истеҳсоли 72 ҳазор тонна семент ва бо фаро гирифтани 180 ҷойи корӣ, 3 корхонаи хиштбарорӣ дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт ва Мастчоҳ бо таъсиси 75 ҷойи нави корӣ сохта ба истифода дода мешавад. Айни замон дар корхонаҳои мазкур корҳои озмоишӣ ва бунёди хумдонҳо ҷараён доранд.

Июль 14, 2011 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧАРО ТОҶИКИСТОН БА МАСЪАЛАИ ОБ ВА ПИРЯХҲО ТАВАҶҶУҲИ МАХСУС МЕДИҲАД? Пиряхҳои ҷумҳурии мо манбаи ҳаёт барои тамоми Осиёи Марказӣ мебошанд
Кишоварзони шаҳри Ҳисор дар 3 ҳазору 772 гектар замини обӣ шудгор гузарониданд
То 10 январ дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
Дар Тоҷикистон беш аз 200 корхона ва ҷамъияти нақлиётӣ фаъолият менамояд
Дар шаҳри Гулистон корхонаи таъмири трансформаторҳо ба истифода дода шуд
Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд