Кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам ҷиноят содир мекунанд ?
Душанбе, 27 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — «Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар дар нимаи аввали соли ҷорӣ 80 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд»,-гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ Фаттоҳ Саидов ба хабарнигорон.Тибқи суханони ў ҳодисаҳои ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла ҳодисаҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ба обрў, шаъну шараф ва номуси кормандони ин соҳа таъсири манфӣ мерасонанд.Ф. Саидов бо таассуф зикр намуд, ки ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ бештар дар фаъолияти кормандони ВКД мушоҳида мешаванд. Дар давраи ҳисобот аз ҷониби 14 корманди вазорати мазкур 27 ҷинояти коррупсионӣ содир гардид.Дар ин давра ҳамчунин кормандони дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, аз ҷумла 6 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ дар содир намудани 9 ҷинояти коррупсионӣ гумонбар дониста шуда, 9 ҷинояти коррупсионӣ аз ҷониби 8 хизматчии Вазорати мудофиа ва дигарҳо содир шудааст.Тибқи маълумоти Агентӣ дар маҷмўъ аз оѓози соли ҷорӣ 585 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионӣ, ки 188-тоашро ҷинояти вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳад, ошкор карда шуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






