Маҳсулоти саноат меафзояд

Июль 26, 2011 11:12

Душанбе, 26 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Тавре директори Агентии омори назди Президенти ҶТ Бахтия Муҳаммадиева дар ҷараёни ҳисоботаш дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, «дар нимаи аввали соли 2011 дар ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноат истеҳсол гардид». Мувофиқи суханони номбурда дар давраи ҳисобот ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ нисбат ба хамин давраи соли 2010 баробари 8,6 фоиз афзуд. Тайи шаш моҳи соли равон истихроҷи ангишт, газ, маводи ғайримаъданӣ, истеҳсоли тахтасанг, трансформатор ва навъҳои гуногуни сим зиёд гардид. «Ҳамзамон тавлиди нерӯи барқ, истихроҷи ангишти бӯр, намак, макарон, машрубот, ҳамчунин газвори пахтагин ва собуни ҷомашӯӣ коҳиш ёфт», — афзуд Б.Муҳаммадиева.Номбурда илова намуд, ки дар давраи гузашта ҳаҷми маҳсулоти соҳаи чорводорӣ беш аз 1,2 миллиард сомониро ташкил дод. Дар ин давра дар ҳамаи хоҷагиҳои кишвар қариб 362, 5 ҳазор тонна ғалла, 152,1 ҳазор тонна картошка, 223,5 ҳазор тонна сабзавот ва 37,2 ҳазор тонна мева ба даст омадааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Июль 26, 2011 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад
Дар Соли нав дар алоқа буданд: чӣ тавр муштариён шаби идро гузарониданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд