Мулоқоти Ҳ. Зарифӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

Июль 23, 2011 10:25

Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 22 июли соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуевро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон бо СММ ва ниҳодҳои махсуси он, ки дар кишвар фаъолият доранд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар рафти вохӯрӣ А. Зуев ба вазир аз натиҷаҳои сафари худ ба шаҳри Ню- Йорк иттилоъ дод. Ҳамзамон, дар чаҳорчӯби вохӯрии мазкур масъалаи вазъияти умумӣ ва ҳамкории байни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли доираи васеи масъалаҳо матраҳ гардид.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.

Июль 23, 2011 10:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад