Мусоҳибаи Президенти ҶТ дар саҳифаҳои рӯзномаҳои арабӣ
Душанбе, 11 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – 6 июли соли 2011 мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигори Агентии матбуотии Арабистони Саудӣ дар саҳифаҳои рӯзномаи арабии «аш – Шарқ ал – Авсат» интишор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мусоҳибааш аз муносибатҳои дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ, ҳамчунин проблемаҳои дорои хусусияти байналмилалию минтақавӣ нақл кард. Рӯзномаи «аш – Шарқ ал – Авсат», ки намояндагии расмиаш дар шаҳри Лондон қарор дорад, яке аз нашрияҳои номдортарини ҷаҳони араб маҳсуб мешавад. Ин рӯзнома бо теъдоди зиёд дар Арабистони Саудӣ, Марокаш, Миср, Лубнон, Аморатҳои Муттаҳидаи Араб, Ироқ, Олмон, Испаниё, Британияи Кабир ва ИМА чоп мешавад. Мусоҳибаи Президенти Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосаи воситаҳои ахбори оммавии Арабистони Саудиро ба худ ҷалб намуд. Масалан, рӯзномаи «ар – Риёз» мазмуни мусоҳибаи Президенти Тоҷикистонро дар яке аз саҳифаҳои худ дарҷ намуд. Рӯзномаи дигари машҳури «ал – Явм» шумораи навбатии худро бо интишори мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ ҶТ иттилоъ доданд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






