Мусоидат ба ислоҳоти хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон

Июль 12, 2011 14:23

Душанбе, 12 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2011 дар асоси Сарқонуни ҶТ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба соҳаи хизмати давлатӣ ба роҳ мондааст.Дар давраи ҳисоботӣ бо назардошти баррасии мавод 1 ҳазору 434 ҳуҷҷат ба суроғаи дахлдор ирсол гардидааст.Ҳамчунин, ба Раёсат 324 маводи марбут ба заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ ворид шуд, ки 72 маводи он барои баррасӣ буда, дар самти ташаккули заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар ин давра 42 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ки 9 адади онҳо қабул шуданд,- зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ Шарофзода Гавҳар, ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ.Қайд карда шуд, ки Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи тасдиқи фармоиши давлатии азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии ҶТ барои соли 2012» таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ пешниҳод шудааст.Ҳамкории Раёсати хизмати давлатӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ вусъат ёфтааст. Дар нимсолаи якуми соли 2011 ҷиҳати рушди соҳаи хизмати давлатӣ, аз ҷумла ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани заминаҳои ташкилӣ-ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар назди Раёсати хизмати давлатӣ лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Мусоидат ба ислоҳоти хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон» ба фаъолият оғоз намуд.

Июль 12, 2011 14:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Мактаб-интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминобод таъмир карда мешавад
Дар шаҳри Бӯстон барои баланд бардоштани сифати таҳсил ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар заминҳои кишоварзӣ яхҷуфт идома дорад