Натиҷаҳои шашмоҳа дар Суғд

Июль 21, 2011 17:10

Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода перомуни натиҷаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ маълумот дода гуфт, ки «дар шашмоҳаи аввали соли равон нақшаи даромадҳои умумии буҷети давлатӣ (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 111,5 фоиз таъмин шуда, ба буҷа зиёда аз 263,3 миллион сомонӣ ворид гардид, ки аз нақшаи тасдиқгардида 27 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра қисми хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаи 100,6 фоизи нақшаи пешбинишуда иҷро гардида, ҳаҷми он 256,5 миллион сомониро ташкил дод». Дар раванди иҷрои қисми хароҷоти буҷет афзалият ба маблағгузориҳои соҳаи иҷтимоӣ дода шудааст, — афзуд Қ. Расулзода, — дар давраи ҳисобот барои маблағгузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимои аҳолии ва фарҳанг беш аз 205,7 миллион сомонӣ равона шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2010 – 49,2 миллион сомонӣ зиёд аст. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 663,3 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,6 фоиз афзуд. Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ афзоиши аксарияти маҳсулот нисбат ба нимаи аввали соли 2010 таъмин гардида, дар ин давра 9 068 тонна сабзавот, 343 тонна картошка, 2 084 тонна меваҷот, 595 тонна гӯшт, 1 663 тонна шир, 41 тонна пашм, 12 тонна асал ва 7,2 млн. дона тухм зиёд истеҳсол гардид. Корхонаҳои саноатии вилоят ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 961,3 миллион сомонӣ расониданд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 124,5 фоизро ташкил дода, ба маблағи 188,9 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ зиёд истеҳсол гардид. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнии «Кохи матбуот», маҷмааи фаввораҳо ва ҳавзи шиноварӣ, Маҷмааи Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, бинои беморхонаи касалиҳои дил, коргоҳи макаронбарории ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муассисаи истироҳатӣ ва солимгардонии «Уқобча»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, бинои бисёрошёнаи шаҳри Конибодом ва дигар иншоот идома доранд, ки аксарияти онҳо аз ҳисоби буҷети вилоятӣ маблағгузорӣ мешаванд. Дар нимаи аввали соли 2011 қисми роҳҳои марказии шаҳри Хуҷанд ба маблағи умумии 4,9 млн.сомонӣ мумфарш гардиданд. Дар вилоят ба рушди мактаб, муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир мегардад. Алҳол 56 фоизи буҷети вилоят барои рушди соҳаи маориф сарф мегардад, — изҳор дошт Қоҳир Расулзода.Тайи 4 соли охир дар вилоят барои бунёди мактабҳо ва иншоотҳои соҳаи маориф бештар аз 12 миллион сомонӣ маблағ сарф карда шуд. Дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои 56 439 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуданд. 109 бинои мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шуд, дар вилоят масъалаи аз вагонхонаҳо, хонаҳои шахсӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ баровардани мактабҳо пурра ҳалли худро ёфт. Аз ҷумла, дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби манбаъҳои гуногун мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои 1 760 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуда, барои муассисаҳои таълимӣ мизу курсиҳои шогирдон ва лавозимоти хониш харид гардид. Дар 8 мактаби садамавӣ сохтмони бинои нав ба охир расида, алҳол дар 6 мактаби дигар сохтмон босуръат идома дорад. Дар шаш моҳи соли 2011 аз буҷети вилоят барои соҳаи тандуpустӣ 49,8 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, ҳамчунин барои хариди таҷҳизоти муосири тиббӣ 1 миллион сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.- Корҳои омодагирӣ бахшида ба ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз вусъат ёфта истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иҷрои нақшаи шашмоҳаи аввали соли 2011 — ро бо дастовардҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ натиҷагирӣ намуд ва умедворем, ки ҷашни 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мардуми вилоят бо сарбаландӣ ва комёбиҳои шоиста истиқбол менамоянд, — гуфт дар хотима раиси вилоят.Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуоти Раиси вилояти Суғ иттилоъ доданд.

Июль 21, 2011 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд