О.Декамп: «Ииконияту захираҳои истифоданашуда ҳанӯз зиёданд»

Июль 16, 2011 15:31

Душанбе, 16 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). — Субҳи имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори идоракунандаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Туркия, Аврупои Шарқӣ, Қавқоз ва Осиёи Марказӣ Оливе Декампро ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳо ва масоили ҷалби сармояи БАТР ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.«Дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мо вазъияти иқтисодӣ ва роҳҳои минбаъдаи рушди иқтисоди ҷумҳуриро муҳокима намудем. Мо диққати зиёдро ба муҳокимаи он, ки ҳамкории мо бо БАТР дар бахшҳои муштарак чӣ натиҷа медиҳад, равона намудем. Мо ҳамчунин бо Президенти ҶТ дар мавриди он, ки БАТР ният дорад доираи фаъолияти худро дар ин кишвар васеъ намояд, сӯҳбат намудем».«Соли гузашта БАТР барои дастгирии бонкҳо, ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ ва мақомоти маҳаллии Тоҷикистон 30 миллион доллар ҷудо намуда буд, имсол ин маблағ ба 50 миллион мерасад ва минбаъд чунин дастгирӣ мунтазам афзоиш хоҳад ёфт. Ин 50 миллион доллар ҳамчун кӯмак барои бонкҳо, муштариёни онҳо ва институтҳои хурди сармоявӣ мебошанд. Мо фаъолияти хешро дар ин бахш идома медиҳем, зеро ин бахш дар рушди минбаъдаи иқтисоди кишвар нақши муҳим дорад»,-таъкид намуд Оливе Декамп.«Самти дигаре, ки мо дар мавриди он муфассал бо Президент сӯҳбат намудем, ин соҳаи энергетика мебошад. Мо Тоҷикистонро дар кори таъмини амнияти энергетикӣ, истиқлолияти энергетикӣ, таҷдиди иқтидорҳои мавҷуда ва иншооти энергетикӣ ба воситаи истифодаи манбаъҳои нави энергия ва дигар манбаъҳои алтернативӣ ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.Лоиҳаи дигари калоне, ки мо ният дорем дар ин ҷо амалӣ созем –он ба бахши роҳҳо, аз ҷумла барқарорсозӣ ва таъмири роҳҳо аз Душанбе то сарҳади Ӯзбекистон дахл дорад. Ман суханҳои Президентро бо диққат гӯш кардам ва ба хулосае омадам, ки имконияту захираҳои истифоданашудаи ҳамкорӣ ҳанӯз зиёданд. Аз ин хотир зарур аст, ки барои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёт ва обтаъминкунӣ шароити мусоид бояд фароҳам оварда шавад.Ман фикр мекунам, ки ин вохӯрӣ яке аз вохӯриҳои аҳамиятнок миёни БАТР ва Тоҷикистон дар қисмати муҳокимаи он, ки БАТР барои дастгирии иқдоми Ҳукумати ҶТ дар кори беҳтарнамоии вазъи иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ чӣ корҳоро анҷом дода метавонад, мебошад», — гуфт Оливе Декамп пас аз мулоқот бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон.

Июль 16, 2011 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«КИШВАРИ САБЗ». Соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 3,7 миллион ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва сояафкану ороишӣ шинонида шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 100 кӯдак ба истироҳат фаро гирифта шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
8 июл дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Навгониҳои электронӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳои андоз муаррифӣ гардид
Пагоҳ дар якчанд кумитаву идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад