Тӯҳфаи Арабистони Саудӣ ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Душанбе, 20 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров ). – Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арбистони Саудӣ қарор додааст, ки рӯзҳои наздиктарин ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон китобҳои гуногунро тӯҳфа намояд. Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин тӯҳфа иборат аз 650 номгӯӣ китоб бояд то ҷашни 20 — солагии Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ё ба маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон фиристода шавад.Намояндаи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Арабистони Саудӣ ҳамчунин иброз дошт, ки китобхона бо компютерҳо ва техникаи дигари зарурии иттилоотӣ таъмин хоҳад шуд. Таҷҳизоти зикршуда дар шаҳри Душанбе харидорӣ гардида ва дар ихтиёри Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






