Тамғаи аксизӣ- далели пардохт шудани андози аксизӣ

Июль 21, 2011 17:00

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).-Яке аз самтҳои фаъолияти кормандони мақомоти андоз ин назорати молҳои зераксизӣ дар нуқтаҳои фурӯши бозорҳову марказҳои савдои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад кормандони Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як катор корҳои назоративу фаҳмондадиҳиро ба анҷом расониданд.  Зимни иҷрои корҳо дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти зераксизӣ аз ҷониби соҳибкорон як қатор қонуншиканиҳо ошкор карда шуд. Махсусан рафти санҷиш дар кӯчаи Адҳамов хонаи 30 ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муайян намуд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин Мяо Секуа аз шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Раҷабов хонаашро ба иҷора гирифта, бидуни қайд дар мақомоти андоз ба фурӯши маҳсулоти истеҳсоли хитой, аз қабили хӯрокворӣ ва маҳсулоти зераксизӣ машғул гардидааст ва харидорони маҳсулотро низ муҳоҷирони чиноӣ ташкил медиҳанд. Дар вақти санҷиш аз автомашинаи боркаш, ки дар саҳни ҳавлии бино қарор дошт ва барои берун баровардани бор омода буд, ба миқдори 1560 дона оби ҷав дар зарфҳои ғунҷоишашон 0,5 литра бе борхат ва бе сертификати мутобиқати мол ошкор карда шуд.Санҷиши дигари мутахассисон нишон дод, ки дар маркази савдои Шоҳона 2, воқеъ дар кӯчаи Айнӣ, бинои 27 ноҳияи Шоҳмансур соҳибкори инфиродӣ Бахтиёр Маъдиев ҳамчун андозсупоранда дар нозироти андози ноҳияи Шоҳмансур дар қайд буда, ба фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ машғул мебошад, дар ин самт ба қонуншиканӣ роҳ додааст. Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки соҳибкори номбурда дар як гӯшаи мағозаи худ фурӯши машруботи спиртиро ба роҳ мондааст. Ҳангоми тафтиш аз мағозаи номбурда ба миқдори 115 адад машруботи спиртӣ дар зарфҳои ғунҷоишашон гуногун бе тамғаи аксизӣ, ба маблағи умумии 1127 сомонӣ ошкор карда шуда, мутобиқи моддаи 256 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нодуруст тамғагузории маҳсулоти спиртӣ протокол тартиб дода шуда, аз муомилот боздошт гардид ва барои ташхису коркард ба Комбинати хӯроквории шаҳри Душанбе супорида шуд.Инчунин дар рафти санҷиш аз мағозаи рақами 160, воқеъ дар кӯчаи Гастелло, ки ба соҳибкори инфиродӣ Екатерина Леонидова тааллуқ дорад, 365 шиша нӯшокии спиртии бо тарзи қалбакӣ истеҳсолгардида ва ҳамзамон 64 шиша коняки «Белый Аист» дар зарфҳои ғунҷоишашон 0,5 литра дарёфт гардид. Ба гуфтаи соҳибкор Екатерина Леонидова ӯ дар мағозаи мазкур ба таври иҷоравӣ фаоълият намуда, ҳар моҳ ба соҳибмулк Маҳмадсаид Ғиёсов маблағи 700 доллар пардохт менамояд. Дар вақти санҷиши гурӯҳи корӣ соҳибкор ба ғайр аз шаҳодатномаи соҳибкорӣ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи дигар пешниҳод карда натавонист. Ҳамзамон номбурда муомилотро бо пули нақд бе истифодаи мошинаи назорати хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва бе иҷозатнома ба роҳ мондааст. Нисбат ба соҳибкори мазкур барои риоя накардани қонунҳои амалкунанда протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, маҳсулоти ошкоргардида, ки маблағи умумиии он 2455 сомониро ташкил медиҳад, барои ташхис ва коркард ба комбинати хӯроквории шаҳри Душанбе супорида шуд. Мутобиқи моддаи 256 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати бе тамғаи аксизӣ ба фурӯш баровардани маҳсулоти зераксизӣ маҳсулот таҳти мусодира қарор дода мешавад. Дар натиҷаи санҷише, ки гурӯҳи кории Кумитаи андоз дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе гузаронид, дар маҷмӯъ ба маблағи 17 158 сомонӣ маҳсулоти зераксизӣ таҳти мусодира қарор дода шуд. Ҳамзамон нисбат ба соҳибкорони дар боло зикршуда барои риоя накардани қонунгузории андоз ба маблағи 8 579 сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ гардида, маблағи он пурра ба буҷет ворид карда шуд. Тибқи талаботи муқарраргардида бояд ба ҳар як дона зарфи нӯшокии спиртӣ ва ба ҳар як қуттии тамоку тамғаи аксизӣ насб карда шавад, ки он далели пардохт шудани андози аксизӣ мебошад. Дар баробари ин маҳсулоти дорои тамғаи аксизӣ имкон медиҳад, ки аз рӯи ин намуди маҳсулот андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ сари вақт ба буҷет ворид гарданд.

Июль 21, 2011 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд