Таъмири роҳҳои пойтахт кай ба анҷом мерасад?
Душанбе, 27 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Алҳол дар роҳҳои як қатор кӯчаю хиёбонҳои пойтахт, аз қабили Рӯдакӣ, Бухоро, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Шоҳтемур, Соҳилӣ ва Айнӣ то дарвозаи қисмати шарқии Душанбе таъмири асосӣ идома дошта, то ҷашни 20 –солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Ин матлабро Сайвалӣ Сафаров, муовини раиси шаҳри Душанбе 27 июл зимни нишастӣ матбуотӣ ба хабарнигорон иброз дошт. Ҳамзамон сохтмони ду гузаргоҳи зеризаминӣ ба маблағи беш аз 11 миллион сомонӣ дар назди мағозаи «Олами китоб» ва меҳмонсарои «Пойтахт» идома дорад. Назар ба иттилои муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Хайрулло Насруллоев то 20 августи соли равон қитъаи роҳ дар ин масир кушода шуда, корҳои сохтмонию ороишӣ дар дохили гузаргоҳҳо идома меёбанд. Дар назар аст, ки ин ду гузаргоҳ дар кӯчаи Айнии пойтахт моҳи декабри соли равон ба истифода дода мешаванд. Корҳои сохтмонию васлгарӣ дар ин иншоот дар се баст босуръат ба роҳ монда шуда, дар он сохтмончиёни ширкатҳои ватанию чиноӣ фаъолият доранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






