ТАВАҶҶӮҲ БА ТАҲСИЛ ДАР ХОРИҶА МЕАФЗОЯД
Душанбе, 13 июл.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тибқи нақшаи қабули донишҷӯён дар асоси идрорпулии байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» барои соли таҳсили 2011-2012 имтиҳон гузаронида шуда, мувофиқи он барои таҳсил дар Русия, Беларус ва Қазоқистон 12 нафар бакалавр қабул гардид. Назар ба иттилои котиби матбуотии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев, инчунин 15 ҷой барои қабули магистр идома дорад. Ҳамзамон, дар асоси созишномаҳои мавҷуда барои таҳсил дар мактабҳои олии Русия 200 нафар, Чин 82 нафар ва Туркия 15 нафар донишҷӯ, 3 магистр ва 2 докторант қабул шуданд. Инчунин дар дигар донишгоҳҳои шаҳрҳои Русия, Украина, Қирғизистон, Лаҳистон, Чехия ва Словакия низ барои ба таҳсил фаро гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон дар соли таҳсили равон ҷой ҷудо гардидааст.Ноилшо Нуралиев зикр намуд, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ беш аз пеш густариш меёбанд. Ба имзо расидани 53 созишномаю тафоҳумнома бо созмонҳои байналмилалӣ ва 38 созишнома бо вазоратҳои маориф ва илми кишварҳои ҷаҳон далели ин гуфтаҳост.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






