Туризм чи қадар фоида овард?

Июль 14, 2011 13:28

Душанбе, 14 июл. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Бахши туризми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҶТ давоми семоҳаи дуюми ҳисоботӣ дар доираи ваколатҳои низомномавӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баҳри беҳтар сохтани фазои фаъолият ва мавриди амал қарор додани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм тадбирҳои мақсаднокро ба сомон расонид.Дар доираи омодагӣ ба таҷлили 20- солагии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ҳошияи он Кумита лавҳаи туристии кишварро дар масоҳати 12 метри мураббаъ ташкил намуд, ки аз 28 июн то 3 июли соли ҷорӣ аз он зиёда аз 50 ҳазор тамошобин дидан намуданд.Кумита ба мустаҳкам намудани муносибатҳои байналмилалӣ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда, санаи 29 апрели соли ҷорӣ дар дастгоҳи марказӣ бо консули Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Душанбе вохӯрӣ доир намуд. Дар мулоқот як қатор масъалаҳои муфид, аз қабили ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи туризм муҳокима гардиданд. Инчунин, 4 майи соли 2011 дар Сафорати Ҷумҳурии Қирғизистон дар шаҳри Душанбе намоиши филми таблиғотии туристӣ доир ба вазъи кунунии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он 10 ширкати фаъоли кишвар иштирок намуданд. Бо истифода аз фурсати мусоид ширкатҳои туристии мамлакат бо ҳамкасбони худ аз Қирғизистон оид ба ҷоннок гаштани ҳамкориҳои мутақобилан судманд табодули назар намуданд.Масъулини бахши туризми Кумита дар форуми соҳибкорони Тоҷикистону Покистон, ки аз 31 май то 3 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид, иштирок намуда оид ба вазъи туризми кишвар гузориш доданд. Дар ин раванд моҳи июн намояндагони Кумита дар форуми сармоягузорон ва донорҳо таҳти унвони “Помиринвест- 2011”, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид, иштирок намуда, оид ба фазои сармоягузорӣ ва имкониятҳои ғании соҳаи минтақа дар соҳаи туризм маълумоти муфассал доданд.Санаи 27 июни соли равон бахши туризми Кумита дар ҷаласаи гурӯҳи сармоягузорони Шоҳигарии Арабистони Саудӣ иштирок намуда, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар соҳаи туризм пешниҳоди муфид иброз намуданд. Меҳмонон барои инкишофи равобити судманд бо Тоҷикистон дар соҳаи туризм мароқи калон зоҳир карданд.Аз маълумоти омории мақомоти ҳифзи сарҳадот бармеояд, ки дар давраи семоҳаи дуюми соли 2011 ба кишвар 62 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ ворид гаштаанд. Аз ҳисоби зикршуда 53 ҳазор нафар ҳамчун турист арзёбӣ мегарданд. Тибқи таҳлили мутахассисони байналмилалӣ, агар ҳар як туристи хориҷӣ ҳангоми будубош дар мамлакат ба ҳисоби миёна 500 доллари амрикоӣ харҷ намояд, пас дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби соҳаи туризм ба иқтисодиёти мамлакат 26 миллиону 500 доллари амрикоӣ маблағи нақд ворид гаштааст. Таҳлилҳо собит месозанд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ҳайси турист ба ҷумҳурии мо бештар шаҳрвандони кишварҳои Эрон, Афғонистон, Русия, Амрико, Хитой, Туркия, Олмон, Ҷопон, Фаронса ва Кореяи Ҷанубӣ ташриф овардаанд. Дар маҷмӯъ, намояндагони зиёда аз 70 мамлакати дунё тариқи инфиродӣ ва муташаккилона аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намудаанд.

Июль 14, 2011 13:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад