Устоди бузург аз олам даргузашт
Душанбе, 15 июл. (АМИТ «Ховар»). – 14 июли соли 2011 номзади илми ҳуқуқ, дотсент, декани факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Кароматулло Холиқов дар синни 54- солагӣ аз олам даргузашт. Шодравон тӯли умри бобаракати хеш дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ фаъолият намуда, дар тарбияи ҷавонон саҳми босазо гузоштааст. 23 феврали соли 2011 марҳум ба вазифаи муовини раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон тайин гардид.Кароматулло Холиқов инсони шариф ва дорои хислатҳои неки инсонӣ — олиҳимматӣ, беғаразӣ, инсондӯстӣ ва меҳнатдӯстӣ буд. Шодравон шахси донишманд, роҳбари серталаб, омӯзгор ва ҳуқуқшиноси бомаҳорат ба ҳисоб мерафт. Маросими видоъ 15 июл дар зодгоҳаш- дар наздикии маҳаллаи Андигони ноҳияи Ваҳдат доир гардида, марҳум дар ҳамон ҷо ба хок супорида шуд.








Дар шаҳри Хуҷанд намоиш-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал баргузор шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?






