Вазъи корҳо дар роҳи нақлиётгард чӣ гуна аст?

Июль 21, 2011 15:17

Душанбе, 21 июл. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). – Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи нақлиётгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Душанбе-Данғара яке аз муҳимтарин лоиҳаҳо барои иқтисодиёти ҶТ маҳсуб мешавад. Ин шоҳроҳи байналмиллалӣ буда, дар ҷануб вилояти Хатлонро бо вилояти Бадахшони кӯҳӣ ва баъдан бо шоҳроҳи Қароқуруми Ҷумҳурии Мардумии Чин мепайвандад. Мақсад аз татбиқи лоиҳа мусоидат намудан дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии қисматҳои ҷанубу ғарбии ҶТ ҷиҳати таҷдид ва барқарор намудани роҳи нақлиётгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Душанбе-Данғара, сохтмони қубурҳо, купрӯкҳо, эъмори нақби «Чормағзак» ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.Лоиҳаи таҷдиди марҳилаи 1-уми роҳи автомобилгарди ин қитъаҳо ба ду марҳила ҷудо шудааст ва нисбат ба ҳар як мариала шартномаҳо байни Вазорати нақлиёти ҶТ ва ширкати чиноӣ оид ба сохтмони роҳҳо ва кӯпрукҳо ба тасвиб расида, корҳои сохтмонӣ бо суръат идома доранд.Маблағи умумии марҳилаи якум 51 млн. 578 ҳазор долари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки аз он 49 млн. доллар қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 2.57 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати ҶТ мебошад.Ҳаҷми корҳои сохтмониву барқароркунӣ дар ин марҳала то 1 июли соли 2011 ба маблағи 42, 702 млн доллар иҷро шудааст. Ҳаҷми корҳои сохтмониву барқароркунӣ дар шаш моҳи соли ҷорӣ 8,384 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.Маблағи умумии марҳилаи дуюм 151 млн. 500 ҳазор доллари ИМА буда, аз он 143 млн. 925 ҳазор доллар қарзи Бонки содироту воридоти Ҷумҳурии Мардумии Чин ва 7 млн. 575 ҳазор доллари ИМА саҳми Ҳукумати ҶТ мебошад.

Июль 21, 2011 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад