Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири ИМА дар Тоҷикистон
Душанбе, 23 июл. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 22 июли соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кен Гросс мулоқот кард. Зимни вохӯрӣ тарафҳо доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла муносибатҳои дуҷонибаи байни Тоҷикистон ва ИМА, вазъият дар Афғонистон, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби амалиёти зиддитеррористӣ дар Афғонистон, дигар ҳамкориҳои минтақавӣ ва соири масъалаҳои мавриди эҳтимоми муштаракро муҳокима намуданд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






