Қабули Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ). – Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016» қабул гардид.Барномаи мазкур дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо варзишгарони кишвар 20 декабри соли 2010 баён гардида, аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардид.Ҳадафи Барнома рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои расидан ба ин ҳадаф масъалаҳои зеринро дар бар мегирад;- фароҳам овардани шароити муносиб барои машғулият ва ба бозии футбол ҷалб намудани аҳолӣ;-ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ намудани майдонҳои футбол;-рушди футболи бачагона ва пайдо намудани истеъдодҳои нав;-мукаммал гардонидани фаъолияти мураббиён, доварон ва такмили ихтисоси онҳо;-сохтмони майдонҳои нави футбол ва таъмиру барқарор намудани майдонҳои мавҷуда;-мукаммалгардонии низоми тиббӣ ва омори эҳё намудани мусобиқаҳои анъанавӣ оид ба футбол ва ғайра.Иҷрокунандаи чорабиниҳои Барномаи мазкур Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи футбол, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравандДар доираи Барномаи мазкур ҳамчунин сохтмони варзишгоҳи нави дорои 50 ҳазор ҷойи нишаст дар шаҳри Душанбе пешбинӣ гардидааст.Иҷрои саривақтӣ ва мақсадноки бандҳои Барномаи мазкур барои рушди футбол мусоидат карда, барои рақобатпазирии футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам меоварад.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






