Қонуншикании замин ошкор шуд

Август 9, 2011 10:36

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар нимаи аввали соли 2011 Кумитаи заминсозии вилояти Суғд 1746 ҳолати вайронкунии қонунгузории заминро ошкор намуд.Тибқи маълумоти кумитаи мазкур, нисбат ба 1746 ҳолат дастур дода шуда, нисбат ба 1060 ҳолат санад тартиб дода шуда, нисбат ба 1057 ҳолат қарори ҷаримабандӣ қабул гардидааст.Қонуншиканон ба маблағи 353 ҳазору 605 сомонӣ ҷарима шуданд. Аз маблағи ҷарима 223 ҳазору 190 сомонӣ ба суратҳисоби кумитаҳои заминсозии шаҳру ноҳияҳои вилоят ворид карда шуд. Кумитаи заминсозии вилоят115 маводро барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба прокуратура ва 177 маводро барои ба таври маҷбурӣ ситонидани ҷарима ба судҳо ирсол намуд. Ҳамчунин 1021 ҳолати қонунвайронкунии замин дар масоҳати 4314 гектар бартараф гардида, замин ба ҳолати аввалааш баргардонида шуд.

Август 9, 2011 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд