Ба итмом расидани мӯҳлати иҷрои намояндагии ЮНИСЕФ
Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — 9 августи соли 2011 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Хонгвей Гаоро ба муносибати ба итмом расидани мӯҳлати иҷрои вазифааш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт. Дар рафти вохӯрӣ вазири корҳои хориҷӣ ба Хонвей Гао барои фаъолият ва саҳми ӯ дар таҳкими ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ изҳори миннатдорӣ кард. Дар навбати худ хонум Хонгвей Гао дар мавриди лоиҳаҳо ва масъалаҳое, ки тайи солҳои охир аз ҷониби ЮНИСЕФ татбиқ шудаанд, маълумот дода, миннатдории худро барои дастгирӣ ва ҳамкории самаранок дар татбиқи он лоиҳаҳо иброз намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






