Баррасии масоил дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2011 14:24

Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Имрӯз таҳти раёсати Сарвазири ҷмуҳурӣ Оқил Оқилов маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тасдиқи аъзои нави ҳайатҳои мушовараи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Хадамоти алоқа ва Хадамоти муҳоҷират оғоз ёфт.Сипас, ҳисоботи вазири корҳои хориҷӣ оид ба татбиқи Консепсияи таҷдиди сохтори вазорат шунида шуд.Дар маҷлиси ҳукумат Самтҳои асосии таҳияи Барномаҳои телевизион ва радио барои солҳои 2011-2014, Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 ва дигар санадҳои муҳим муҳокима ва тасдиқ гардиданд.Лоиҳаи як қатор қонунҳо маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид, ки мутобиқи онҳо ба як қатор қонунҳои амалкунанда тағйиру иловаҳо пешниҳод карда мешавад. Тағйиру иловаҳо, аз ҷумла ба Қонун «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Кодекси оила пешниҳод карда шуд.Дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин доир ба дигар масоили пешниҳодгардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Август 29, 2011 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!