Баррасии масоили ҳамкории наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон

Август 24, 2011 10:45

Душанбе, 24 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров Сафири фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Саралаев Урматро ба ҳузур пазируфт.Тавре дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз рӯи масъалаҳои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодиёту нақлиёт табодули афкор намуданд.Ҷонибҳо ҷараёни татбиқи муқаррароти Протоколи иҷлосияи даҳуми комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии ҳамкории дуҷониба ва омодагӣ ба мулоқоти навбатии ҳайатҳои ҳукуматии ҳар ду кишвар бобати муайян намудани хати сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.Ҳамчунин масоили ҳамкории наздисарҳадии ду давлати ҳамсоя баррасӣ шуд.

Август 24, 2011 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад