Беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишвар бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардиданд
Душанбе, 8 август. (АМИТ «Ховар»).-Имрўз, 7 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беш аз 200 нафар кормандони соҳаҳои иқтисодию истеҳсолии кишварро бо мукофотҳои олии давлатӣ сарфароз гардонд.Дар маросими супурдани мукофотҳои давлатӣ хизматҳои шоёни кормандони пешқадами соҳаҳои кишоварзӣ, энергетика, саноат, нақлиёт, коммуникатсия ва дигар соҳаҳои иқтисодию истеҳсолӣ бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.Хизматҳои арзандаи роҳбарият ва кормандони пешқадами як қатор корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, нерўгоҳҳои барқӣ ва дигар иншооти соҳаи энергетика, муассисаҳои намунавии соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқоние, ки дар рушди боғутокпарварӣ, зироаткорӣ, чорводорӣ, парвариши занбўри асал ва ғайра фаъолияти омўхтанӣ доранд ва умуман онҳое, ки дар рушди истеҳсолоти ватанӣ, муҳайё намудани ҷойҳои корӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолии кишвар ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёту иҷтимоиёти Тоҷикистон саҳми намоён гузоштаанд, бо ордени Шараф дараҷаи 1, ордени Шараф дараҷаи 2, медали Хизмати шоиста, медали ҷашнии 20 – солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон ва бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуданд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо арафаи солгарди 20 – уми истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва сарфароз шуданашон бо мукофотҳои олии Ватан табрику таҳният гуфта, ба заҳмати созандаи минбаъда баҳри таъмини шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз ва расидан ба се ҳадафи стратегии давлату ҳукумат ва мардуми шарафманди кишвар – истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҳидоят намуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






