Боғдорони Тоҷикистон дар Аврупо таҷриба андӯхтаанд
Душанбе, 17 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Боғдорони Тоҷикистон аз 8 то 12 август дар Белгия ва Нидерланд дар курсҳои такмили ихтисос таҷриба пайдо намуданд. Тавре дар раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сафари боғдорони Тоҷикистон ба кишварҳои номбурда бо даъвати президенти калонтарин ширкати парвариши навъҳои хушсифати ниҳолу дарахт ва гулҳои ороишии «АRBOR», президенти Клуби тиҷоратии Белгия – Тоҷикистон Клаус Ван Дейк ва Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия сурат гирифт.Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия якҷоя бо роҳбари ширкати «Жааз Флауэрз», раиси Ҷамъияти тоҷикистониёни муқими Белгия, Нидерланд ва Люксембург, президенти Клуби тиҷоратии Нидерланд – Тоҷикистон Азиз Одилов дар давраи аз 13 то 14 август боздиди мутахассисони тоҷикро аз ширкати «Жааз Флауэрз» воқеъ дар шаҳри Гаагаи Нидерланд ташкил намуд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






