Боздиди Э. Раҳмон аз корхонаи заршӯии «Зарафшон

Август 3, 2011 14:40

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайруллоҳ).- Имрӯз ба истиқболи ҷашни соҳибистиқлолии кишвар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент як корхонаи нави заршӯӣ дар назди Корхонаи муштараки «Зарафшон» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Корхонаи мазкур дар як шабонарӯз метавонад то 2 ҳазор тонна маъданро коркард намуда, аз он тилло ва дигар металлҳои қиматбаҳоро ҷудо кунад.  Дар корхона имрӯз 140 нафар сокини маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин шудаанд. То охири соли равон шумораи коргарону мутахассисон танҳо дар ҳамин корхона ба 300 нафар ва дар корхонаи муштараки Зарафшон ба зиёда аз 2000 нафар хоҳад расид.Алҳол роҳбарияти корхонаи муштараки «Зарафшон» тасмим гирифтааст, ки то охири соли ҷорӣ фаъолияти боз як коргоҳи нави поксозӣ, яъне аффинажро бо иқтидори солонаи 5 тонна тилло ва нуқра ба роҳ монад.Тавре зикр гардид, ҳаҷми истеҳсоли тилло дар корхонаи муштараки «Зарафшон» то соли 2013 ба 5 тонна дар як сол ва маблағи фурӯши он ба 200 миллион доллари амрикоӣ баробар хоҳад шуд.Тибқи нақшаи сармоягузории тарафайн барои таҷдид ва азнавсозии он ҷиҳати афзун намудани истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо ва ранга ҷалби зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо дар давоми чор соли охир ба корхонаи мазкур 68 миллион доллар сармоягузорӣ гардида, дар натиҷа нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона афзоиш ёфтанд ва 1800 нафар мутахассисону кормандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар водии Зарафшон то имрӯз беш аз 40 кон муайян ва кашф гардида, ҳоло дар нӯҳ кон истихроҷи маъдан ҷараён дорад. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ зикр намуд, ки «ҳадафи мо пеш аз ҳама татбиқи самарабахши барнома ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ, вусъат додани истеҳсоли молу маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани сифати онҳо мебошад, ки ин албатта, барои ташкили ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, ба вуҷуд омадани сарчашмаҳои нави даромад ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар мусоидат менамояд». Бояд гуфт, ки Корхонаи муштараки «Зарафшон» дар заминаи конҳои тиллову миси Ҷилав ва Тарор ба кор оғоз намуда, фаъолияти корхона аз соли 2007 инҷониб баъди ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ширкати Зи ҷинни давлати Чин ба маҷрои муайян даромадааст.

Август 3, 2011 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст