Бунёди ду нерӯгоҳи хурди нав дар Тоҷикистон

Август 26, 2011 15:46

Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Тоҷикистон ду нерӯгоҳи хурди нав бунёд гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд. Тибқи суханони манбаъ, иқтидори нерӯгоҳҳои хурди мазкур 30 ва 10 кВт/с буда, дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Балҷувон сохта шудаанд. «Ба ҳамин васила аз оғози соли равон дар кишвар 28 нерӯгоҳи хурд ва як нерӯгоҳи бодӣ сохта шуд», — зикр намуд манбаъ. Аз аввали соли ҷорӣ тавлиди умумии нерӯи барқи нерӯгоҳҳои хурд зиёда аз 7 миллион кВт/с-ро ташкил дод.Аз Вазорати энергетика ва саноати ҶТ ҳамчунин иттилоъ доданд, ки айни замон корҳо барои бунёди 26 нерӯгоҳи хурд идома доранд ва онҳо охири соли ҷорӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Август 26, 2011 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид