Чорабинӣ ба ифтихори Истиқлолияти давлатии ҶТ дар Берлин
Душанбе, 23 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Рӯзи дарҳои кушодаи Вазорати ҳамкории иқтисодӣ ва рушди ин мамлакат дар Берлин иштирок намуд. Ин чорабинӣ бо иштироки вазири федеролии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон Дирк Нибел, котиби давлатии вазорати номбурда Ҳанс – Юрген Беерфелтс, сардорони корпуси дипломатии муқими Берлин, ҳамчунин намояндагони созмонҳои байналмилалие, ки дар чаҳорчӯбаи дастгирии молиявию техникии ҳукумати Олмон дар бахши тараққиёт кор мекунанд, сурат гирифт. Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷараёни ин чорабинӣ Сафорат лавҳаи махсусеро бо унвонии «20 соли рушди мустақилона ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистон» ташкил намуда, филмҳоро ба забонҳои олмонию англисӣ намоиш дод, ки аз табиати зебо ва расму оини халқи тоҷик, нерӯи ғании бахши сайёҳии ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ҳамчунин перомуни давраҳои асосии барқароршавии Истиқлолияти Тоҷикистон ва дигаргунсозии сиёсию иқтисодии кишвар нақл мекунанд.Сокинон ва меҳмонони пойтахти Олмон бо асарҳои бархе рассомону суратгирони муосири Тоҷикистон шиносоӣ пайдо карданд, ки онҳо аз фарҳанг ва худшиносии халқи тоҷик қисса менамоянд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






