Дар ноҳияи Ховалинг толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Август 9, 2011 12:07

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрўз, 9 август сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон дар ноҳияи Ховалинг бо зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ оғоз ёфт.Дар шаҳраки маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки дорои шароити машқу тамрини якчанд намудҳои гуногуни варзиш ва 100 ҷойи нишаст барои тамошобинон аст. Тавре иттилоъ дода шуд, дар ин мавзеи хушбодуҳаво барои бунёди ин толори варзишӣ, майдони калони варзишӣ, майдони гўштигирӣ ва ҳавзи шиноварӣ 6 га замин ҷудо карда шудааст.Чунонки зикр гардид, ин иншооти боҳашамати варзишӣ дар доираи иҷрои супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо варзишгарони кишвар моҳи декабри соли 2010 дода буд, бунёд меёбанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки шароити варзишӣ бо назардошти талаботи мусобиқаҳои ҷумҳуриявию минтақавӣ бунёду муҳайё карда шаванд, то ки дар фасли тобистон баъзе мусобиқаҳо дар ин ноҳияи салқин ва хушҳаво барпо гарданд.Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои дуошёнаи истиқоматӣ боиси хушҳолию сипоси аҳли 12 хонаводаи мутахассисони ҷавон ва ходимони давлатӣ гардида, ба симои маркази ноҳияи Ховалинг ҳусни дигар зам намуд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод, ки минбаъд барои бо хонаҳои хизматӣ таъмин намудани оилаҳои кадрҳои ҷавон, дигар ходимони давлатӣ ва нафароне, ки як муҳлати муайян кор карда, ба шаҳру ноҳияҳои дигар мегузаранд, биноҳои 4 ва 5- ошёна бунёд намоянд.Иншооти боҳашамати дигари ҷашнӣ, ки дар маркази ноҳияи Ховалинг бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ ёфт, қасри фарҳанги ноҳия аст, ки тўҳфаи арзанда барои аҳли фарҳанг ва санъат арзёби гардид.Тавре аён гардид, толори калони қаср дорои 320 ҷойи нишаст ва шароити зарурӣ барои гузарондани чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мебошад. Дар толори дигари қасри фарҳанг намунаҳои осори таърихи бостони ин минтақаи кўҳистони Тоҷикистон ва маҳсули ҳунарҳои мардумӣ барои тамошо ба намоиш гузошта шуда буданд.Дар ин ҷо миёни Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва аҳли фарҳанги ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла бо бобои Усто ғулом, ки устои чирадасти асбобҳои мусиқии мардумӣ аст, сўҳбати ҷолибу хотирмон сурат гирифт.Дар маркази ноҳияи Ховалинг Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Ховалинг мулоқоти озоду ошкоро ороста, барои ободу зебо намудани ин гўшаи дорои табиати биҳиштосои қўҳистони Тоҷикистон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.Аз ҷумла дастур дода шуд, ки омўзиши амиқи ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳия, тарғибу ташвиқи онҳо ва бунёду муҳайёсозии инфрасохтори сайёҳӣ тадбирҳои судбахш андешида амалӣ намоянд, то ки ин як манбаи хуби даромади мардум ва буҷети ноҳияи Ховалинг гардад.Таъкид гардид, ки барои барқарорсозӣ ва инкишофи минбаъдаи шабакаҳои оби нўшокӣ ва кишоварзӣ ва ҳамчунин ободонии бештари ноҳияи Ховалинг чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 9, 2011 12:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар ҳошияи Соли фарҳанги китобхонӣ маҷмӯаи «Нома ба насли оянда» аз чоп баромад
Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Саридораи геология ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронси илмӣ-назариявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт