Дар Омск Рӯзи Истиқлолияти ҶТ таҷлил шуд
Душанбе, 30 август (АМИТ «Ховар», Азиз Хайруллоев). – Чанде қабл дар шаҳри Омски Русия бахшида ба 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона роҳандозӣ шуд. Созмони ҷамъиятии «Иттиҳоди тоҷикистониён» — и вилояти Омск дар арафаи ин санаи фархунда аъзо, ҳамватанон ва сокинони шаҳрро ба Хонаи дӯстӣ даъват намуд.Корманди Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Муҳаммадӣ Давлатов ва раиси созмон Зубайдулло Қодиров меҳмононро бо Рӯзи Истиқлолият табрику таҳният гуфтанд. М.Давлатов аз бунёдкориҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, аз нақшаҳои мӯҳташами рушди мамлакат ва мақоми барҷастаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар пойдорию таҳкими давлатамон нақл намуд. Сипас намояндаи Маҷлиси қонунгузории вилояти Омск Анатолий Безумсев, корманди масъули маъмурияти вилоят Андрей Казансев, сардори шӯъбаи Раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар вилояти Омск Владимир Илюшонок, намояндаи Вазорати фарҳанги вилоят Нурбол Олжанов, намояндагони васоити ахбори омма тоҷикистониёнро бо ин санаи фархунда муборакбод намуданд.Дар хотима мусобиқаи гӯштингирӣ ва консерти идона баргузор шуд.Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия иттилоъ доданд.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






