Дастаи беҳтарини табибу ҳамшираҳои тибби оилавӣ

Август 18, 2011 10:39

Душанбе, 18 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Директори Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷеффри Лерер ва сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Абумуслим Темуров ғолибони озмуни «Дастаи беҳтарини табибону ҳамшираҳои тиббии оилавии соли 2011» — ро муборакбод намуданд. Тавре дар Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дастаи Маркази тандурустии № 3 шаҳри Душанбе дар ҳайати Давлатмамадова Шаҳло ва Қараева Гулбарг ҷойи аввалро ишғол намуданд.Ҷойи дуюм насиби Ҳакимов Сайдалӣ ва Мирзоева Мағфират аз маркази тансиҳатии № 2 гардид.Дастаҳои маркази тансиҳатии № 14 дар хайати Келдиева Шоира ва Нуралиева Азиза, ҳамчунин маркази тансиҳатии № 10 дар ҳайати Абдураҳмонова Гулнора ва Маҳмадова Маҳина мақоми сеюмро касб намуданд.Мақсад аз ин озмун, ки бо дастгирии Лоиҳаи «Нигаҳдории хушсифати тандурустӣ» (USAID) баргузор шуд, арзёбии холисонаи фаъолияти табибону ҳамшираҳои тиббии оилавӣ аз ҷониби гурӯҳи коршиносон буд.

Август 18, 2011 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад