Дастовардҳои Истиқлоли Тоҷикистон дар Деҳлӣ матраҳ шуд
Душанбе, 29 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Рушди Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият»- таҳти чунин унвон ба ифтихори 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Деҳлии ҷадид пойтахти Ҳиндустон семинар баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон дар ҳамкорӣ бо маркази илмию фарҳангии Сафорати Русия дар Ҳиндустон созмон дода шуда, дар он 150 нафар меҳмонон ва намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Ҳиндустон иштирок доштанд.Иштирокдорони семинар зимни маърӯзаҳои пурмӯҳтаво доир ба дастовардҳои бузурги сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Тоҷикистон баъд аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ибрози назар намуда, Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро неъмати бузург барои миллати тоҷик арзёбӣ карданд. Зикр шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ, илмию фарҳангӣ ва варзишӣ мушарраф гардид. Тоҷикистон дар зарфи 20 соли Истиқлолият ҳамчун давлати мустақил дар миқёси ҷомеаи ҷаҳон обрӯю эътибор ва нуфузи хосса касб карда, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва гуногунсоҳаи Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои мӯътабари байналмилалӣ беш аз пеш густариш меёбанд.Ҳамзамон, дар ҷараёни семинар филми ҳуҷҷатӣ ва расму аксҳо доир ба таърих, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистон намоиш дода шуд. Аз сафорати Тоҷикистон дар Деҳлӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар семинар доираҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии Ҳиндустон иштирок доштанд.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






