Дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон иштирок менамоянд
Душанбе, 10 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Шаш нафар гӯштингирони тарзи дзюдои тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон, ки аз 23 то 28 август дар шаҳри Париж баргузор мешавад, қувваозмоӣ менамоянд. Мувофиқи маълумоти сомонаи расмии мусобиқот, дар он аз ҷониби кишвари мо дорандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпии Пекин Расул Боқиев (дар вазни то 73 кг), Ҷамшед Халилов (дар вазни то 60 кг), Фарҳод Раҳимов, Шералӣ Бозоров (ҳар ду дар вазни то 81 кг), Парвиз Собиров (дар вазни то 90 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дар вазни то 100 кг) қувваозмоӣ менамоянд.Дар ин мусобиқот ҷамъ 949 нафар дзюдочиёни 136 мамлакат иштирок мекунанд.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






