Дзюдочиёни тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон муваффақ нашуданд

Август 16, 2011 09:27

Душанбе, 16 август (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). – Тавре сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо хабар медиҳад, гӯштингирони тарзи дзюдои тоҷик дар мусобиқоти ҷаҳон байни ҷавонон ғайриқаноатбахш ҳунарнамоӣ карданд. Мусобиқот аз 11 то 14 август дар шаҳри Киеви Украина сурат гирифт, ки дар он қариб 600 нафар дзюдочиёни 55 кишвар, аз ҷумла 22 нафар варзишгарони тоҷик иштирок доштанд.
 
Рашид Зиёбеков (вазни то 81 кг) дар даври сеюми мусобиқа ноком гардид. Фирӯз Ниёзмамадов (вазни то 66 кг), Саидмухтор Расулов (вазни то 66 кг), Сафарбек Муродов (вазни то 73 кг), Санавбар Шанбиев (вазни 90 кг), дар даври дуюми мусобиқот аз иштироки минбаъда дар гӯштингирӣ маҳрум шуданд. Боз 7 нафар варзишгарони тоҷик монеаи даври аввали мусобиқаро бартараф карда натавонистанд.

Август 16, 2011 09:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад