Э.Раҳмон:-«Барои ҳизбу созмонҳо шароити мусоид аст»
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Хайрулло). – Тавре иттилоъ доред Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Шӯрои аврупо оид ба масоили байналмилалӣ ба ҷоизаи «Пешвои асри 21» сарфароз гардида буд. Дирӯз президенти ин шӯрои аврупоӣ Антон Караҷа дар Қасри миллат дар шароити тантанавӣ ҷоизаи мазкурро ба Эмомалӣ Раҳмон супорид.Антон Караҷа зимни суханрониаш иброз дошт, ки сараввал тамоми фаъолияти нафари ба ин ҷоиза пешниҳодшуда даҳсолаҳо аз тарафи коммисияи махсус санҷида шуда, сипас супорида мешавад. Омилҳои асосии ба ин унвон қадр гардидани Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст барҳам додани ҷанги шаҳрвандӣ ва истиқрори сулҳу субот, муборизаи беамон бар зидди коррупсия, таъмин кардани ҳуқуқи шаҳрвандон ва матбуоти озод, инчунин як қатор амалҳои инсондӯстонааш дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.Ҳамчунин, ӯ иброз дошт, ки «Мо ба он мақсад ташриф овардаем, то ба «ПЕШВОИ АСРИ XXI», ба марде, ки дар замони низоъу ҷанги шаҳрвандӣ, роҳи сулҳу субот ва ваҳдату ягонагиро барои кишвараш интихоб намуд, марде, ки дар замони таназзулу бўҳрон, пешрафту шукуфоии мамлакаташро таъмин намуд, марде, ки дар ҳамдастагӣ ва ҳамзистӣ бо мардуми худ, дар кори эҷоди ояндаи неки кишвар, минтақа, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва инсоният талошҳои хастанопазир меварзад: — Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон аст, ин ҷоизаи шарафмандро супорем». Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон низ дар навбати худ аз ин қадрдонии шӯрои мазкур изҳори миннатдорӣ намуда изҳор дошт, ки супоридани ин ҷоиза дар арафаи 20- солагии Истиқлолияти кишвар басо рамзист. Сарвари давлат зикр намуд, ки дар Тоҷикистон барои фаъолияти ҳизбу созмонҳои мардумӣ шароити хуб фароҳам аст. Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар Тоҷикистон ҳашт ҳизби сиёсӣ фаъолият доранд, ки аз ин шумора панҷтоаш намояндагони худро дар парлумон доранд. Айни ҳол дар кишвар 404 – нашрия мавҷуд аст, ки аз ин ҷумла 250 – тоаш рӯзномаҳои хусусӣ мебошанд.Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба фаъолияти васоити электронии ахбори оммаи кишвар дахл намуда, тазаккур дод, ки аз 44 шабакаи радиоиву телевизионии фаъолияткунанда 25 – тои онҳо ғайридавлатӣ мебошанд. Эмомалӣ Раҳмон баён дошт, ки ҷиҳати таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ 13 маротиба дар давоми истиқлолият қонуни афв татбиқ гардид, ки дар натиҷа зиёда аз 70 ҳазор нафар аз маҳбас озод гардиданд. Ҳамчунин, дар ҷумхурӣ оид ба ҳукми қатл моратори эълон карда шуд. Зикр гардид, ки 15 сол инҷониб Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолият дорад, ки қисми зиёди ҳаракату созмонҳои мардумӣ ба он шомиланд ва дар пайи истиқрори сулҳу субот ва пешравии ҷомеаи Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.Дар охир Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сол то сол Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ наздик шуда саҳми худро дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳад гузошт. Изҳори умед карда шуд, ки ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар оянда боз ҳам густариш хоҳад ёфт.








Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид






